Дарси 1 - Исмҳо

Дар забони русӣ, чун дар бисëр забонҳои дигар, ба ҳар як исм ҷинс таъин шудааст. Дар забони русӣ 3 ҷинс мавҷуд аст.

Ҷинси мардона, занона ва миëна

Ин аст тарзи муайян кардани ҷинс дар шакли луғатии исм:

Исмҳои ҷинси мардона ба охир мерасад:
Бо ҳарфҳои ҳамсадо: город, друг, мальчик, мяч
Бо ҳарфи -Й: трамвай, музей
Бо ҳарфи -Ь: словарь, учитель

Исмҳои ҷинси занона ба охир мерасад:
Бо ҳарфи -а: страна, газета, школа
Бо ҳарфи -я: фамилия, земля, неделья.
Бо ҳарфи -ь: ночь, тетрадь

Исмҳои ҷинси миëна ба охир мерасад:
Бо ҳарфи -о: дерево, письмo, окно
Бо ҳарфи -е: море, кафe, здание

Калимаҳои зеринро аз худ кунед:
Я - Ман
Ты - Ту
Вы - Шумо
Он - Вай (мард)
Она - Вай (зан)
Мальчик - Писар
Девочка - Духтар

Сохтани ҷумла
Я мальчик - Ман писар ҳастам.
Я девочка - Ман духтар ҳастам.
Он мальчик - Вай писар аст.
Она девочка - Вай духтар аст.

Ҷумлаҳои саволӣ
А ты девочка? - Ту духтар ҳасти?
А ты мальчик? - Ту писар ҳасти?
А он мальчик или девочка? - Вай писар аст ё духтар?

Тест