Дарси 6 - Калимаҳои саволӣ

Саволҳо дар забони русӣ бо тарзҳои гуногун сохта мешаванд: бо ёрии оҳанги овоз, бо илова намудани калимаҳои саволомез (ки?, Чӣ?, Куҷо, чаро?, Чаро?, Чӣ гуна?, Кадом?), Бо ёрии ҳиссачаи "оё" (Шумо медонед?, Дуруст?).

Луғат:
Как - Чи хел; чи гуна
Где - Куҷо; дар куҷо
Куда - куҷо; ба куҷо
Откуда - Аз куҷо
Сколько - Чанд; чи қадар
Какой - Кадом; чи хел; чи гуна
Когда - Кай
Который - Кадом; чанд; баъзе
Почему- Чаро; барои чӣ (ба чӣ сабаб)
Зачем - Барои чӣ (ба чӣ мақсад)

Как ты?
Чихел ту?
Хорошо
Хуб
А ты?
Ту чи?
Отлично
Хеле хуб
Сколько тебе лет?
Ту чанд солаӣ?
Мне 18 лет
Ман 18 солаам
Ты откуда?
Ту аз куҷоӣ?
Я из Душанбе
Ман аз Душанбе
Где учишься?
Дар куҷо таҳсил мекунӣ?
Я учусь в университете
Ман дар донишгоҳ таҳсил мекунам
Где ты был?
Ту дар куҷо будӣ?
Я был на улице
Ман дар берун (куча) будам
Который час?
Соат чанд?
Пять минут десятого, 09:05
Соат нуҳу панҷ дақиқа аст 09:05
Куда он идёт?
Вай ба куҷо меравад?
Он идёт в школу
Вай ба мактаб меравад
Где работаешь?
Дар куҷо кор мекунӣ?
Я работаю в ресторане
Ман дар тарабхона кор мекунам
Какой цвет твоей машины?
Мошини ту чӣ ранг дорад?
Моя машина чёрная
Мошини ман сиёҳ аст.
А мы идём в парк?
Мо ба парк меравем?
Да, позже пойдём
Бале, дертар меравем
Когда ты пришёл?
Ту кай омадӣ?
Я пришёл утром
Ман саҳарӣ омадам
Почему ты не играешь?
Барои чи ту бози намекуни?
Потому что у меня болит голова
Барои он ки сарам дард дорад