Вақт (Время)

Русӣ Тоҷикӣ
Сегодня Имруз
Сегодня утром Имруз саҳарӣ
Сегодня вечером Имруз бегоҳӣ
Ночью Шабона
Днём Рузона
Ночное время Вақти шаб
Рабочее время Вақти кор
Свободное время Вақти холӣ
Время идёт Вақт мегузарад
Время летит Вақт зуд мегузарад
Провести время Вақт гузарондан
Тратить время Вақтро сарф кардан
У меня нет времени Ман вақт надорам
Сколько времени? Соат чанд [аст]?
Настоящее время Замони ҳозира
Пять минут десятого, 09:05 Соат нуҳу панҷ дақиқа аст, 09:05
Семь минут первого, 12:07 Соат дувоздаҳу ҳафт дақиқа аст, 12:07
В семь часов утра, 07:00 (вечера, 19:00) Дар соати ҳафти пагоҳӣ, 07:00 (бегоҳӣ, 19:00)
Около двух часов ночи, 02:00 (дня, 14:00) Қариби соати дуи шаб, 02:00 (рӯз, 14:00)
Ровно семь часов, 07:00 Соати расо ҳафт, 07:00
Половина десятого, 09:30 Соат нуҳу ним, 09:30
Через час Баъди як соат (як соат пас)
В котором часу мне прийти? Ман соати чанд биёям?
В шесть часов утра Соати шаши саҳар
Вы пришли вовремя Шумо сари вақт омадед
Вы пришли рано Шумо барвақт омадед
Вы пришли поздно Шумо дер омадед
Вы опоздали на два часа Шумо ду соат дер омадед
Урок начнётся через пятнадцать (15) минут Дарс баъди понздаҳ (15) дақиқа сар мешавад
Собрание продлится полтора часа Маҷлис якуним соат давом мекунад
Пожалуйста, подождите ещё десять минут Илтимос, даҳ дақиқаи дигар интизор шавед